БАРРАСИИ МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ ТИББИ ХАЛҚӢ
Душанбе, 22 сентября. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 24 сентябри соли равон дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маҳфили илмию машваратии «Тибби халқӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он» баргузор мегардад. Дар он олимону мутахассисони тибби халқӣ ва табибони халқии ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату идораҳо ширкат меварзанд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» номзади илмҳои тиб, Муллозуҳур Тоҳирӣ иттилоъ дод, дар он оид ба дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби тибби халқӣ, ба расмият даровардан ва гирифтани иҷозатномаҳо барои табибони халқӣ, қабули аъзоёни нав ба узвияти Ассотсиатсияи касбии тибби анъанавӣ ва таҳияи маълумотнома оид ба тибби халқӣ, тибби хусусӣ ва дорухонаҳои хусусӣ муҳокима карда мешаванд. «Инчунин, яке аз масъалаҳои муҳимро оид ба омодагӣ барои баргузории Конгресси 4-уми байналхалқӣ дар мавзӯи «Тибби халқӣ ва дурнамои рушди он», ки соли 2010 баргузор мегардад муҳокима хоҳем кард», — гуфт М. Зоҳирӣ.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






