БОНКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ЧИН БО БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАД

Сентябрь 7, 2009 15:27

                Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 6 сентябр гурӯҳи намояндагони Бонки давлатии рушди Чин дар ҳайати 11 нафар ба Душанбе омаданд. Онҳо барои гуфтушунид бо Бонки миллии Тоҷикистон, Амонатбонк ва бонкҳои дигари ҷумҳурӣ ташриф меранд.                 Аз дафтари матбуоти бонки давлатии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки намояндагони бонки Чин дар семинари «Пешгирии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва ҳамкории муассисаҳои байналхалқии молиявӣ», ки имрӯз дар Душанбе оғоз меёбад, ширкат хоҳанд кард.                Дар рафти сафар ҳайати Бонки давлатии рушди Чин ба НБО Норак ва корхонаи «Ширкати алюминии тоҷик» сафар хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки БДРЧ бо муассисаҳои молиявии Тоҷикистон аз соли 2005 ҳамкорӣ мекунад. БДРЧ ягона бонки чинӣ мебошад, ки кормандони он дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд. Бонки мазкур барои иҷрои 7 барнома дар Тоҷикистон, аз ҷумла барои фаъолияти муассисаҳои алоқаи телефонии мобилӣ, кишоварзӣ ва рушди тиҷорати хурду миёна беш аз 120 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст.                 Инчунин бонк барномаҳои барои сохтори сохтмони роҳҳои оҳан, НБО ва саноати куҳӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Сафари меҳмонони Чин 10 сентябр ба охир мерасад.

Сентябрь 7, 2009 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад