БОЗ ЯК ФАБРИКАИ МУРҒПАРВАРӢ БАРҚАРОР ГАРДИД
Суғд, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов). — Фабрикаи паррандапарварии шаҳри Панҷакент баъди танаффуси тӯлонӣ аз нав ба фаъолият оғоз намуд. Ин тадбири навбатии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» дар роҳи иҷрои нишондодҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оид ба иҷрои барномаи рушди ин соҳа мебошад. Бояд қайд намуд, ки фабрикаи паррандапарварӣ дорои иқтидори то 50 ҳазор сар парранда, 25 ҳазор мурғи тухмдеҳ буда, корхона ягона барои таъмини тухм дар минтақа маҳсуб меёбад. Баъди хусусӣ гардидани фабрика аз ҷониби соҳибкор Ашӯр Хидиров як мурғхона бо кӯмаку дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва КВД «Саноати парранданарварӣ»-и Тоҷикистон барқарор шуда, соли ҷорӣ аз фабрикаи паррандапарварии ноҳияи Б.Ғафуров 5 ҳазор сар мурғи сафеди тухмдиҳанда оварда шуд. Пешбинӣ шудааст, ки то ҷашни 20 солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршумори парранда ба 30 ҳазор сар расонида мешавад. Ин кор бо парвариши чӯҷа, ворид намудани чӯҷа ва мурғ иҷро мегардад. Фабрикаҳои паррандапарварии вилояти Суғд омодаанд, ки ба фабрикаи паррандапарварии шаҳри Панҷакент чӯҷа ва мурғ фиристанд. Масалан фабрикаи паррандапарварии «Ленинобод» омода аст, ки ба онҳо 1000 сар мокиёнҳои тухмдеҳ таъмин намояд. Имрӯзҳо дар фабрикаи паррандапарварии шаҳри Панҷакент ҳаррӯз то 3 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Инчунин фабрика дар бозори шаҳри Панҷакент ярмаркаи фурӯши тухмро ташкил намуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






