БУЗУРГИИ АБӮҲАНИФА ОЛИМОНИ ДУНЁРО ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОРАД

Сентябрь 24, 2009 14:16

                 Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар гуфтугӯи тамаддунҳо» беш аз 500 нафар олимону донишмандони 46 давлати дунё –Аврупою Осиё ва Амрико иштирок мекунанд», гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов.                  Симпозиуми байналмилалӣ рӯзҳои 5-6 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли бузургдошти асосгузори мазҳаби ҳанафӣ — Имоми Аъзам баргузор гардида, маросими ифтитоҳи он 5 октябр дар Муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир мешавад. Баргузории ҷаласаҳои пленарии Симпозиум дар «Кохи Сомон» -и Душанбе пешбинӣ шудааст.                   Симпозиум бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи бузургдошти Соли Имоми Аъзам доир карда мешавад. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинии муҳими байналмилалӣ дар пойтахти давлати Тоҷикистон баланд бардоштани ҳуввияти миллии тоҷикон, қадршиносӣ ва ба оламиён муаррифӣ намудани шахсияти барҷастаи миллати тоҷик ва олами ислом — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит Имоми Аъзам (699-767) аст. Бояд зикр кард, ки таълимоти фарзанди фарзонаи миллати тоҷик –Имоми Аъзам саршори идеяҳои таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ буда, аҳамияти бузургеро дар тамаддуни башарият ва ҷаҳони ислом касб кардааст.                 Тибқи иттилои А. Холиқов дар робита ба таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам, 10 китоб, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти бузург бахшида шудааст, нашр гардид. Инчунин, 20 асар аз ҷониби олимону донишмандони тоҷик дар доираи Соли бузургдошти Имоми Аъзам таҳия шудааст, ки аҳамияти бузурги таърихию таълимӣ доранд.

Сентябрь 24, 2009 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд