ЧАРХБОЛИ ВАЗИРИ ВИЛОЯТИ АНДХРА — ПРАДЕШ ГУМ ШУД
Деҳлӣ, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Дирӯз дар вилояти Андхра – Прадеши Ҳиндустон чархболи вазиркалони вилоят Раҷашекхар Реди зимни парвоз аз болои ҷангалзори анбӯҳ гум шуд. Чархбол аз майдони ҳавоии Бегумпет дар шароити ҳавои абролуд ва барқу жола парвоз карда буд. Дар чархбол ғайр аз вазиркалони вилоят боз 5 нафари дигар буданд. Алоқаи телефонӣ бо чархбол баъди ним соати парвози он қатъ гардид. Айни ҳол 7 чархбол, ҳавопаймоҳои низомӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва қабилаҳои маҳаллӣ ба ҷустуҷӯӣ чархбол сафарбар карда шуданд. Бояд гуфт, ки маҳалли эҳтимолии сарнагун гардидани чархбол ҷангалзори анбӯҳ буда, дар он қабилаҳои исёнгари нимаваҳшӣ зиндагӣ мекунанд. Инчунин дар ҷангалзори мазкур саршумори бабру палангҳо хеле зиёд аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






