ЧАШНИ 50-СОЛАГИИ ИЖТ ЧОРАБИНИИ ҚАТОРИ НЕСТ

Сентябрь 29, 2009 10:01

                  Душанбе, 29 сентябр. ( АМИТ « Ховар», Фирдавс Таваров ) -Дар ҷаласаи навбатии раесати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки рӯзи 24 сентябр баргузор гардид, таҷлили ҷашни 50-солагии таъсисебии Иттифоқ ба семоҳаи авали соли 2010 мавқуф гузошта шуд. Қарори мазкур, бинобар гуфтаи раиси ИЖТ А.Сатторов, бо тақозои нокифоятии муҳлат барои дар сатҳи шоиста гузаронидани ин чорабинии муҳим қабул гардид. Тантанаҳои ҷашнӣ ба муносибати зодрӯзи таърихии Иттифоқ бо тасмими пешакӣ бояд дар нимаи аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ доир мегардиданд, вале рафти омодагӣ ба онҳо нишон дод, ки мӯҳлати боқимонда барои муккамал амалӣ сохтани барномаи ҷашни, ки баргузории чорабиниҳои зиедеро дар сатҳи умумиҷумхурявӣ дар назар дорад , басандагӣ намекунад.                 « Чашни 50-солагии ИЖТ чорабинии қаторӣ нест, он як марҳилаи таърихи рушду камолоти рӯзноманигории миллиро ҷамъбаст менамояд. Бинобар ин маъракаи мазкур бояд дар сатҳи олӣ барои ҷомеаи журналистӣ хотирмон баргузор гардад»,-афзуд А. Сатторов.  

Сентябрь 29, 2009 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад