ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА ДАР ПОЙТАХТ

Сентябрь 5, 2009 10:38

               Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шоми имрӯз дар Амфитеатри Душанбе ба ифтихори ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил мегардад консерти ҳунармандон ва дастаҳои эҷодкори пойтахт таҳти унвони «Файзи Истиқлол» баргузор мегардад.              Тавре дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори идораи фарҳанги шаҳри Душанбе Шаҳло Мӯсоева гуфт, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти миллӣ дар марказҳои фарҳангу фароғатӣ ва боғҳою майдонҳои истироҳатии пойтахт маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, дар китобхонаи муосири пойтахт намоишгоҳи китобҳои ба истиқлолият бахшидашуда ва конфронсҳои илмию адабӣ дар мавзӯи дастовардҳои истиқлолияти миллӣ, худшиносӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ бо иштироки донишмандон ва аҳли илму адаби пойтахт доир мегардад.             Ҳамзамон, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти миллӣ дар пойтахт ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва кишоварзӣ барои пурнозу неъмат гардонидани дастархони идонаи сокинон ва меҳмонон ташкил карда мешавад.

Сентябрь 5, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд