Д.НАЗАРОВ ДАР ҶОИ ПАНҶУМ

Сентябрь 14, 2009 12:55

                Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Рӯзҳои 12 – 13 сентябр дар шаҳри Салоникии Юнон мусобиқоти қаҳрамонии варзишгарони сабуки ҷаҳон баргузор гардид. Дар он гурзпартои тоҷик Дилшод Назаров иштирок дошт ва ҷои панҷумро ишғол намуд. Ӯ гурзро ба масофаи 77 метру 14 сантиметр партофта, дар байни 8 нафар варзишгари беҳтарини ҷаҳон ҷой гирифт.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намояндаи Словения Примош Козмуш гурзро аз ҳама дуртар, ба масофаи 79 метру 80 сантиметр партофта, ҷои аввалро ишғол намуд. Ҷои дуюмро варзишгари Латвия Игор Соколов, ҷои сеюмро варзишгари Маҷористон Крижтиан Форс, ҷои чорумро варзишгари Русия Алексей Загорний, ҷои панҷумро Дилшод Назаров, ҷои шашумро намояндаи Лаҳистон Шимон Циолковский, ҷои ҳафтумро варзишгари Хорватия Андреас Наклитс ва ҷои ҳаштумро намояндаи Кувайт Муҳаммад Алзинқавӣ ишғол намуданд.

Сентябрь 14, 2009 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид