ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ ДДМ КУШОДА ШУД
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Субҳи имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов баргузор гардид. 45 нафар дастпарварони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳи мазкур гардиданд. Онҳоро дар вазъияти ботантана вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, сардори шӯъбаи илму маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Ҳамидуллохон Фақиров, директор ва мудири иҷроияи филиали ДДМ дар Душанбе Алексей Раймерс ва Ҳайдар Одинаев ва дигарон табрик намуданд. Ба донишҷӯён шаҳодатнома ва дафтарчаи имтиҳонот тақдим карда шуд. Вазири маорифи Тоҷикистон А.Раҳмонов зикр намуд, ки филиали мазкур ба туфайли ҷидду ҷаҳди сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия, вазири маориф ва илми Русия Адексей Фурсенко ва ректори ДДМ ба номи М.Ломоносов Виктор Садовничий кушода шуд. А.Раҳмонов аз номи кормандони вазорати маориф ба Сарвари давлат муроҷиат карда, пешниҳод намуд, ки соли 2010 Соли илм, маориф, фарҳанг ва технология эълон карда шавад. Вай изҳори боварӣ намуд, ки донишҷӯёни соли аввали ДДМ дар оянда мутахассисони варзида гардида, ба манфиати пешрафти иқтисодии мамлакат меҳнат хоҳанд кард. Директори филиали ДДМ А.Раймерс ҳамаи ҳозиронро ба муносибати кушода шудани филиали донишгоҳ табрик намуда, аз номи ректори Донишгоҳи давлатии Маскав В. Садовничий муроҷиатнома қироат намуд. Дар он аз ҷумла, гуфта мешавад, ки донишҷӯёни тоҷик бори нахуст аъзои оилаи бисёрҳазорнафараи яке аз донишгоҳҳои калонтарин ва беҳтарини ҷаҳон гардиданд. Имтиҳоноти қабул нахустин душвориест, ки Шумо онро паси сар кардед. Чунин душвориҳо дар давоми таҳсил хеле зиёд хоҳанд буд. Бо вуҷуди ин давраи донишҷӯӣ давраи ширинтарини ҷавонӣ ва бартараф сохтани душвориҳо мебошад. Шумо тӯли солҳои таҳсил бо дастовардҳои навтарини илмии ҷаҳони имрӯза шинос хоҳед гашт. Маълум аст, ки қуллаҳои илмро танҳо дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди тӯлонӣ ва таҳсили аъло фатҳ кардан имконпазир мебошад. Ба Шумо дар кору таҳсилатон комёбиҳо орзумандам, гуфта мешавад дар муроҷиатнома. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки машғулиятҳои нахустинро дар филиали ДДМ дар Душанбе муовини декани факултаи зуҳуроти умумибашарӣ Олга Сирота, муовини декани ҳамин факулта, дотсент Иван Алешковский, номзади илми филология, дотсенти факултаи филологияи кафедраи «Забони русӣ барои донишҷӯёни хориҷии ДДМ» Валентина Кузменкова ва яке аз олимони машҳури математика, профессори факултаи механикаю математикаи ДДМ Владимир Чубариков гузарониданд.