ДАР ДУШАНБЕ НАМОИШГОҲИ «ТОРҲОИ ЗАРРИНИ АБРЕШИМИ ТОҶИКИСТОН» ОҒОЗ МЕГАРДАД
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар бинои Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод намоишгохи «Торҳои заррини абрешими Тоҷикистон» ифтитоҳ мегардад. Намоишгоҳ аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии санъатшиносӣ омода гардида, бо кӯмаки молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон (ИҶК БМ) сурат мегирад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ИҶК БМ хабар доданд, таъсиси намоишгоҳи мазкур имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими инкишофи санъати шоҳибофии тоҷик ба таври оммавӣ муҳокима шуда, ба тамоми паҳнои дарки зебоии дунё ба воситаи санъат ва фарҳанг баҳо дода шавад. Махсусияти намоиши мазкур аз он иборат аст, ки тамошобинон имконият пайдо мекунанд бевосита бо матоъҳои анъанавии абрешимӣ ва маҳсулоти шоҳии охири асри ХIХ ва асри ХХ-и халқи тоҷик шинос шаванд. Баъзе аз матоъҳо таърихи 90-100 сола доранд. Осорхонаи «Ардви-Сура» -и Пажӯҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии санъатшиносӣ дорои маҷмӯаи матоъҳои миллии абрешимӣ ба монанди: атлас, адрас, беқасаб, либосҳои миллӣ (ҷомаҳо, куртаҳои занона, рӯймолҳо, фаранҷӣ) буда, инъикосгари таърих ва фарҳанги муосири миллати тоҷик ҳастанд. Ин матоъҳои таърихӣ гувоҳи муҳимтарин давраҳои инкишофи ҳунари тоҷик мебошанд. Маҷмӯаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии санъатшиносӣ дорои беш аз 6000 воҳидҳои таърихӣ аз қабили: матоъҳои абрешимӣ ва нимабрешимӣ, гулдӯзӣ дар матоъи абрешимӣ ва либосҳои миллӣ иборат аст. Пажӯҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии санъатшиносӣ соли 2005 таъсис дода шуд. Ҳадафи иттиҳодияи ҷамъиятии мазкур аз таҳқиқи фарҳангу санъати тоҷик иборат мебошад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






