ДАР ХОРУҒ «ГӮШАИ АМРИКО» КУШОДА ШУД

Сентябрь 24, 2009 11:34

                 Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- 23 сентябр дар шаҳри Хоруғ дар бинои корхонаи ғайриҳукуматии «Маркази маърифатии Хоруғ» маросими кушодашавии «Гӯшаи Амрико» баргузор гардид.                  Аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маросими мазкур муовини раиси ВМКБ Шамсиддин Орумбеков, муовини раиси шаҳри Хоруғ Бибинигор Садоншоева ва корманди масъули масъалаҳои фарҳанги сафорати ИМА Макензи Милановски иштирок карданд.                  М. Милановски қайд намуд, ки дар гӯшаи мазкур аз шабакаи Интернет истифода бурда, дар бораи мактабҳои олии Амрико маълумот гирифта, аз барномаҳои расонидани кӯмак барои таълими донишҷӯён, додани стипендияҳо ва мубодилаи донишҷӯён огоҳ гардидан мумкин аст.                  Ёдовар мешавем, ки «Гӯшаҳои Амрико» бо маблағгузории Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад. Чунин гӯшаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб фаъолият доранд. Айни ҳол дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон 360 «Гӯшаи Амрико» амал мекунад.

Сентябрь 24, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд