ДАР ИСФАРА ИНШООТИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД

Сентябрь 11, 2009 16:28

                Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Имрӯз 11 сентябр дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд маросими ба истифода додани се барномаи иҷтимоӣ доир карда шуд. Аз Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барномаҳои мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷопон бо маблағи беш аз 253 ҳазор доллари ИМА иҷро карда шуданд.                 Аз ҷумла барои тармиму барқарорсозии мактаби № 7-и шаҳри Исфара беш аз 84 ҳазору 300 доллари ИМА, барои барқарорсозии барномаи бунгоҳҳои обкашии №1 ва №2 дар қишлоқи Офтобруи ҷамоати Навгилеми ноҳияи Исфара зиёда аз 83 ҳазору 600 доллари ИМА сарф карда шуд. Дар ин бунгоҳҳо ду насоси обкашӣ тармим карда ва 4 насоси нав насб карда шуд. Ғайр аз ин сохтмони биноҳои иловагии шифохонаи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара беш аз 85 ҳазору 172 ҳазор доллари ИМА сарф карда шуд.Дар маросими ба истифода додани иншооти мазкур раиси ноҳияи Исфара Муҳиба Ёқубова ва котиби сеюми Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон Такуя Тамаи иштирок карданд.

Сентябрь 11, 2009 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд