ДАР ТОҶИКИСТОН КАМБИЗОАТӢ КОҲИШ МЕЁБАД

Сентябрь 16, 2009 14:53

                 Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Бонки ҷаҳонӣ нақшаи нави стратегии расондани кӯмакро ба Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 — 2013 таҳия намуд. Нақшаи нави кӯмак бо назардошти хусусиятҳои миллии пешрафти иқтисодиёт тартиб дода, дар навбати аввал ба кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат равона карда шудааст. Тибқи нақша бо ин мақсад ба Тоҷикистон 70 миллион доллар кӯмак расонда мешавад.                  Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ хулоса бароварданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон тӯли чанд соли охир аз се як ҳисса кам шудааст. Сатҳи камбизоатӣ дар мамлакатамон аз 64 фоизи соли 2003 дар соли 2007 то 41 фоиз кам гардидааст. Дар ин давра 1,35 миллион сокини мамлакат аз вартаи камбизоатӣ хориҷ гардид. 

Сентябрь 16, 2009 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд