ДАР ТУРКИЯ БОРИШИ БОРОН ДАВОМ ДОРАД

Сентябрь 14, 2009 14:52

                Анқара, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Вести.ру). – Хабар дода мешавад, ки дирӯз шаҳри курортии Аланияи Туркияро тӯфони баҳрӣ фаро гирифт. Дар натиҷа 7 нафар, аз ҷумла, сайёҳони хориҷӣ осеб диданд.                  12 сентябр тамоми рӯз дар ин минтақа борони шадид борида, шамоли сахт вазид. Дар натиҷа чандин биноҳо хароб гардиданд. Одамон аз шиддати вазиши шамол ҳатто ба кӯча баромада наметавонистанд.                 13 сентябр дар вилояти Тоҳирдоғ дар натиҷаи борони шадид сел омада, маҳалҳои аҳолинишинро пахш намуд. Мақомоти мамлакат барои ба маҳалли бехатар кӯчондани аҳолӣ қисмҳои ҳарбӣ, аз ҷумла, танкҳо ва чархболҳоро сафарбар намуданд.                 Дирӯз дар ин ҷо корхонаи хишт, ки аз чанд ошёна иборат буд, зери об монд. 200 нафар коргарони он ба воситаи чархболҳо аз маҳалли фалокат бароварда шуданд. Дар вилоятҳои Бурс, Чаноққалъа ва                 Адирни роҳҳои мошингардро сел шуста харобу валангор намуд. Дар вилоятҳои Мерсин ва Адан бориши борон чандин шабонарӯз боз қатъ намегардад.                 Тавре хабар дода шуда буд, дар Истамбул 8 – 9 сентябр бар асари боридани борони шадид ва обхезӣ 33 нафар ҳалок ва 9 нафар бе ному нишон гум шуд. Сели шадид дар давоми рӯзҳои охир сабаби қатъ гардидани ҳаракати тамоми намудҳои нақлиёт гардид.

Сентябрь 14, 2009 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид