ДАР ТУРСУНЗОДА ОЗМОИШГОҲИ МАХСУС КУШОДА ШУД

Сентябрь 18, 2009 15:40

                 Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз дар шаҳри Турсунзода маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи махсуси санҷиши лаборатории маводи хӯрокаи зуд вайроншаванда баргузор гардид. Ин дар миқёси ҷумҳурӣ ягона озмоишгоҳ ба шумор меравад. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони ҳукумат ва вазоратҳои нақлиёту алоқа ва рушди иқтисоду савдои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.                   Озмоишгоҳи мазкур дар доираи иҷрои муваффақонаи барномаи «Рушди фаъолияти марказҳои додани сертификат ба асбобу анҷом ва таҷҳизоти ҳамлу нақли маводи озуқаи зуд вайроншаванда дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.                  Хабар дода мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо барои иҷрои барномаи мазкур 2 миллион евро сарф намуд.                   Тибқи барнома барои ҳамлу нақли маводи хӯрокаи зуд вайроншаванда дар байни мамлакатҳои минтақа нақлиёти махсус ҷудо карда мешавад, ки бо яхдонҳо ва воситаҳои дигари муҳофизат аз гармӣ таҷҳизонида шудаанд. Ҳадафи дигари барнома густариши равобити ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи хариду фурӯши мол мебошанд. 

Сентябрь 18, 2009 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид