ДАРЁФТИ ҶАВОНОНИ БОИСТЕЪДОД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 18 -солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ озмуни таронаи «Истиқлол» баргузор гардид. Аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар озмун ҳунармандони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин вилояти Хатлон иштирок намуданд. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва дар рӯҳияи ҷавонон боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Дар охир ба ғолибони озмун аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






