ДАСТГИРИИ ИҚДОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Суғд, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар» Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов). — Иқдоми шахсӣ ва даъвати сарвари давлат бобати додани фитри рӯза ба оилаҳои ниёзманд бо лампаҳои каммасрафи барқӣ дар вилояти Суғд дастгирии ҳамаҷониба меёбад. Ба иқдом ва ибрати шахсии сарвари давлат дар вилоят нахустин шуда раиси вилоят Коҳир Расулзода пайравӣ намуд. Раиси вилоят бо дастгирӣ аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фитри рӯзаи худ ва аҳли оила дар маҷмӯъ 800 дона лампаҳои каммасраф харидорӣ намуда, тасмим гирифт, ки ба 100 оилаи ниёзманд тақдим намояд. Ин тӯҳфаҳои раиси вилояти Суғд дар моҳи шарифи рамазон дар 5 ноҳияи вилоят ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Зафаробод ва Ғончӣ ҳамчун ҳадяи арафаи Иди Саиди фитр ба оилаҳои ниёзманд тақдим карда шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






