ДИРЕКТОРИ НАВИ ГЕНЕРАЛИИ ЮНЕСКО
Париж, 23 сентябр (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Вазири собиқи корҳои хориҷии Булғористон Ирина Бокова директори нави генералии Муассисаи Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) интихоб гардид. Ба ин вазифа номзадии И.Бокова ва вазири собиқи фарҳанги Миср Фаррух Ҳусния пешбарӣ карда шуда буданд. Вале И.Бокова дар даври панҷуми овоздиҳӣ ба аксарияти овозҳо соҳиб гардида, ғалаба кард. Ирина Бокова соли 1976 Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии шаҳри Маскавро хатм кардааст. Баъди ин ӯ дар вазорати корҳои хориҷии Булғористон дар шӯъбаи халъи силоҳи ядроӣ кор мекард. Ӯ аз соли 1996 то соли 1997 вазири корҳои хориҷии Булғористон буд. И.Бокова аввалин зан мебошад, ки ба ЮНЕСКО роҳбарӣ мекунад. Вай 15 ноябр дар ин вазифа директори ҳозираи ЮНЕСКО Коитиро Матсуураро иваз хоҳад кард.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






