ДОНИШГОҲ КИТОБИ ДОНИШҶӯРО ЧОП МЕКУНАД

Сентябрь 24, 2009 14:12

                  Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 23 сентябри соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот гузаронид.                   Аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, ки вохӯрии мазкур дар мавзӯи «Ҷавонон ва дастовардҳои ҷавонон дар даврони истиқлолият» баргузор гардид, ки дар он ректори ДМТ Нуриддин Саидов низ иштирок намуд.                Дар баробари ровиён, инчунин донишҷӯи факултаи филология Малоҳат Шукрихудоева баромад намуда, оид ба дастовардҳои ҷавонон ва китоби нави худ «Муҳоҷирнома», ки роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти муҳоҷирони тоҷик нақл мекунад, маълумот дод. Ӯ аз роҳбарияти донишгоҳ хоҳиш намуд, ки барои чопи ин китоб кӯмак расонанд. Ректори ДМТ Нуриддин Саидов ваъда дод, ки китоб аз буҷаи донишгоҳ ба чоп бароварда хоҳад шуд. 

Сентябрь 24, 2009 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд