ДУШАНБЕ «ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ МЕГАРДАД»?
Душанбе, 11 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию бадеӣ омода ва баргузор намудани чорабиниҳои бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун «Пойтахти фарҳанги исломӣ» аз қитъаи Осиё дар соли 2010 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор қабул намуд. Мувофиқи он нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои ба ин муносибат пешбинишуда тасдиқ гардид. Тибқи ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров, дар асоси ин қарор муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор гардидаанд, ки иҷрои ҳатмии нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд. Тибқи нақша дар соли 2010 баргузории як қатор чорабиниҳо, аз қабили конферентсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1200-солагии Имом Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ ва илми ҳадис, семинар-машварат дар мавзӯи «Мақоми зан дар ислом», озмунҳои шаҳрии «Хаттоти беҳтарин» ва қориёни Қуръони Шариф, муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ зимни баргузории ҳафтаи фарҳанги ИСЕСКО (Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) дар Тоҷикистон, таҳия ва нашри маълумотнома таҳти унвони «Душанбе маркази тамаддуни исломӣ» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва хатти форсӣ бо теъдоди 2000 ҳазор нусха дар назар аст. Ҳамчунин, дар ин замина таҳияи намоишномаи маърифатӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Театри тамошобини ҷавони ба номи М.Қосимов» ва ташкили намоишгоҳи доимоамалкунандаи китобҳо доир ба рӯзгори бузургон ва маънавиёти ислом дар китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва китобхонаи муосири пойтахт амалӣ гардонида мешаванд. Бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳиб гардидан ба истиқлолияти давлатӣ, 27 апрели соли 1993 аъзои ИСЕСКО гардид. Қароргоҳи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пойтахти Марокко- шаҳри Работ мебошад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






