Ф. САФАРОВА: «МУШКИЛОТИ БӮҲРОН БАРТАРАФ ГАРДИД»

Сентябрь 2, 2009 13:40

                Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷиксемент», яке аз корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ буда, хати якуми технологии истеҳсоли семент тавассути печи даврзанандаи дарозиаш 25 метра бо истифодаи ангиштсанг соли 1942 сохта ба истифода дода шуда буд.                 Иқтидори аввалаи истеҳсолии корхона 150 000 тоннаро дар як сол ташкил медод. Заводи нави истеҳсолии семент бо иқтидори 800 000 тонна соли 1963 бунёд гардида, ба кор андохта шуд. Дар давоми солҳо дар асоси азнавсозиҳо ва таҷдидҳои техникӣ иқтидори истеҳсолии корхона ба 11 00000 тонна дар як сол расонида шуд.               Имрӯз фаъолияти истеҳсолии ҶСШК «Тоҷиксемент» дар кадом сатҳ қарор дорад? Бо ин ва дигар саволҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» сӯҳбате орост бо муовини директори генералӣ оид ба масъалаҳои умумии ҶСШК «Тоҷиксемент» Фазила Сафарова.              Фазила Ҳакималиевна бигӯед, ки алҳол иқтидори истеҳсолии ҶСШК «Тоҷиксемент» чӣ гуна аст?             — Дар 7 моҳи соли 2009 ҶСШК «Тоҷиксемент» 109 ҳазору 145, 8 тонна семент истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 беш аз 8 ҳазор тонна зиёд буда, 108 %-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти молӣ дар 7 моҳ 63, 9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашата 5 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми фурӯши семент дар давраи ҳисоботӣ беш аз 106 ҳазор тонна ва дар қиёс нисбати соли 2008 зиёда аз 10 ҳазор тонна ё 11 %-ро ташкил медиҳад.              Алҳол чанд намуди семент истеҳсол карда мешавад?            Ду навъи семент. Сементи қатории «М-400» ва сементи тобовари «М-4» истеҳсол карда мешавад.Технологияи пешқадами истеҳсоли семент ба роҳ монда шуда, бо истифода аз гази табиӣ кор менамояд.              Муштариёни маҳсулоти ҶСШК «Тоҷиксемент» асосан киҳо ҳастанд?             Маҳсулоти истеҳсолии корхона- семент барои сохтмони иншоотҳои муҳими стратегӣ ба мисли НОБ –ҳои «Роғун», « Сангтӯда-2» ва зеристгоҳи шаҳрии «Чорбоғ» истифода мешаванд, инчунин корпоратсияи «Синохондра корпорейшн»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои таъмиру тармими роҳҳои кишвар харидорӣ менамонд.                Нархи нақдии семент чанд аст?               Нархи семент бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда барои 1 тонна сементи тобовари «М-4» 657 сомонӣ ва барои 1 тонна сементи қаторӣ 644 сомонӣ муайян карда шудааст.               Ашёи хом аз куҷо дастрас карда мешавад?              Ашёи хомро аз дохилӣ ҷумҳурӣ дастрас менамоем. Маводу қисмҳои эҳтиёти бошад аз хориҷи кишвар, бахусус аз Русия оварда мешавад.               Оё бӯҳрони молиявӣ ба фаъолити корхона таъсир гузошта аст?              Воқеан, дар давраи шиддат ёфтани бӯҳрони молиявӣ фаъолият кардан бисёр мушкил буд. Вале бо вуҷуди мушкилот маҳз бо масъулиятшиносӣ, чашмикордонии роҳбарияти корхона ва тамоми коргарони он мушкилот рафъ гардид. Яъне душвортарин лаҳзаҳои бӯҳронӣ паси сар карда шуданд. Ва имрӯз дар фаъолияти корхона беҳбудӣ ба чашм мерасад. Ин ҳам бошад бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ва мушаххас.             Ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии коргарон кадом тадбирҳои судманд андешида мешаванд?              Бояд тазаккур дод, ки дар корхона беш аз 1000 нафар коргар дар 23 коргоҳ –коргоҳҳои комплекси кӯҳӣ, ашёи хом, филтрҳои барқӣ, пазанда, таъмири механикӣ, обтаъминкунӣ, ҳаводиҳӣ, таҳлилгоҳ, гардкунандаи семент, таъмири электродвигателҳо, нақлиётӣ ва механиконидашуда, истеҳсолоти 2 ва ғайра кору фаъолият менамоянд. Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии коргарон ҳар сари вақт тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар назди корхона боғчаи кӯдакон, маркази саломатӣ, хобгоҳ ва меҳмонхона фаъолият дорад, ки барои беҳдошти вазъи саломатӣ ва иҷтимоии коргарон ҳамеша дар хизматанд. Коргарон сари вақт бо маош таъмин гардонида мешаванд.               ҶСШК «Тоҷиксемент» бо кадом корхонаҳои саноатии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд?               Асосан бо корхонаҳои Русия ва дохили ҷумҳурӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаем. Масалан, бо корхонаҳои «Силур»-и Екатерингбург, «Прокатчермет»-и Коломна, «Серп и молот»-и Қазон, «Катав –Ивановск»-и Челябинск, «Метапласт»-и Златоуст, «Новомосковскогогнеупор»-и Новомосковски. Дар дохили ҷумҳурӣ бошад бо Ҷамъияти саҳҳомии «Бодом»-и Конибодом, ҶММ «Тастех», ҶММ «Дроссел», ҶММ «Механик», ҶС «Текстилмаш», ҶСК «Сомонтаъминот»-и Душанбе ва ТАЛКО-и шаҳри Турсунзода. Аз ин корхонаҳо мо асосан қисмҳои эҳтиётӣ, хишт ва занҷирҳои ба оташ тобовар, гидромоторҳо ва гидронасосҳо, насосҳои лойқакашӣ ва интиқолдиҳанда, силпебсҳо, дастгоҳҳои кафшеркунанда, муҳаррикҳои барқӣ ва ғайраҳо дастрас менамоем.              Эҳтиёҷоти мардум дар шароити кунунӣ ба семент зиёд аст. Барои қонеъ гардонидани талаботи мардум ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ чӣ тадбирҳо андешида мешавад?              Бале, талаботи мардум ба семент беш аз пеш меафзояд. Роҳбарияти корхона кӯшиш менамояд, ки мавқеи худро дар бозори дохилӣ дошта бошем. Ба дигар кишварҳо маҳсулоти худро содир намоем. Яъне ҳамон анъанаҳои пешинро идома диҳем. Маҳсулоти корхона дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати сифат афзалият дорад. Роҳбарияти корхона ҷиҳати бозоргир шудани маҳсулот тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешад. Дар халтаҳои махсус ҷо кардани семент, яке аз чунин корҳои ба сомон расонида шуда мебошад. Роҳбарияти корхона ният дорад , ки дар ояндаи наздик технологияи наву муосир ворид созад то ба истеҳсоли маҳсулоти боз ҳам хушсифат мусоидат намояд. Алҳол, корхона бо технологияи замони собиқ шӯравӣ фаъолият дорад. Ҳоло дар ҷаҳон истеҳсоли хушки семент ҷараён дорад. Вале, дар корхонаи мо истеҳсоли тари семент ба роҳ монда шудааст.                Истеҳсоли хушки семент аз истеҳсоли тари он чӣ афзалият дорад?              Дар мавриди тар истеҳсол кардан сифати семент беҳтар мегардад. Инчунин, дар корхона дастгоҳҳои махсуси чанггашӣ ва технологияҳои марбут ба паҳн накардани чангу ғубор ба муҳити атроф кор мекунанд.                Оё маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар содир карда мешавад?              Алҳол ба хориҷи кишвар маҳсулоти корхона содир карда намешавад. Корхона танҳо бозори дохилиро бо маҳсулот таъмин менамояд. Барои дар бозори дохилӣ ба мавқеи худ соҳиб шудан ва содир кардани маҳсулот ба хориҷи кишвар лозим аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад. Сифати маҳсулот бошад рақобатпазир аст. Зарур аст, ки дар оянда таҷҳизоти технологии корхона азнавсозӣ ва таҷдиди техникӣ карда шавад.              То ҷое мусаллам аст корхона борҳо дар чандин озмунҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ба комёбиҳои муҳим мушарраф гардидааст, инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?                Ҳанӯз соли 1985 портлансементи басулфаттобовари корхона дар пойтахти Испания шаҳри Мадрид соҳиби мукофоти байналмилалии «Сифати тиллоӣ» гашта буд. 10 июни соли 2008 бошад бахшида ба ҷашни «Рӯзи Россия», конгресси байналмилалии саноатчиён ва соҳибкорон барои сифати хуби маҳсулоташ корхонаро бо мукофоти байналмилалии «Ягуари тиллоӣ» сарфароз гардониданд.                Соли 2009 дар озмуни байналхалқӣ дар шаҳри Франкфурти Ҷумҳурии Олмон дар категоряи «Платина» ҶСШК «Тоҷиксемент» соҳиби мукофоти платинагии «Дарвозаи Европа» гардид.                Инчунин дар озмуни «Маҳсулоти беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 24 июли соли 2009 ҷамъбаст гардид, дар номгӯи «Маҳсулоти таъиноти истеҳсоли-техникӣ» маҳсулоти ҶСШК «Тоҷиксемент» дипломанти озмун шуд. Ин ҳама самараи фаъолияти коргарон ва масъулиятшиносии роҳбари корхона аст.                Бо кадом корхонаҳои сементбарории кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ доред?              Бо корхонаҳои Федератсияи Русия, ки истеҳсолкунандаи маводи зарурии истеҳсолот мебошанд, робитаҳои самарабхш вуҷуд доранд ва густариш дода мешаванд. Инчунин, барои бо корхонаҳои истеҳсолкунандаи қисмҳои эҳтиётии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ кардан гуфтушунидҳо карда истодаем. Ҳамзамон, қарордоди ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳҳомии «Иненкон – Груп»-и Ҷумҳурии Чехия идома дода мешавад. Сармоягузории мазкур тибқи қарордод аз моҳи декабри соли 2003 ба маблағи 10 миллион доллари америкоӣ баста шудааст. Аз маблағи умумӣ 1,5 миллион доллари америкоӣ ҳиссаи «Тоҷиксемент» ва дар асоси Созишномаи кредитӣ бо Бонки содиротии Чехия маблағгузории тарафи чехӣ 8,5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.               Дар маҷмӯъ барои идомаи қарордоди мазкур ба корхона 2, 7 миллион доллари америкоӣ лозим аст.  Ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхона чӣ тадбиру чорабиниҳо андешида мешаванд?              Аҳли коргарони корхона фаъолияти худро дар партави дустуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин самт чорабиниҳои гуногунро доир менамояд. Дар робита бо бузургдошти Соли Имоми Аъзам конфронсеро дар мавзӯи «Ақидаҳои Имоми Аъзам дар мавриди ваҳдат ва якпорчагии инсоният» гузаронида шуд. Инчунин, дар корхона гӯшаи махсуси китобу адабиёт роҷеъ ба ҳаёту фаъолият ва зиндагиномаи ин шахсияти бузурги олами Ислом ташкил карда шудааст. Инчунин дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну оинҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» корҳои тарғиботӣ бурда шуда, онҳо дар амал татбиқ ва риоя карда мешаванд. Инчунин, корҳои ҷамъиятӣ дар корхона дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Кумитаи ибтидоии ҲХДТ таҳти унвони «Пайванд» фаъолияти самарабахш дошта, он 270 нафар аъзо дорад рад.                Барои рушди минбаъдаи корхона чӣ тадбирҳо андешида мешавад?               Нақшаҳо зиёданд. Ин ҳам бошад кам кардани қарзи кредиторӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли семент, беҳтар сохтани сифати маҳсулот, паст кардани арзиши аслӣ, пардохти маблағҳои қарордоди чехӣ, идомаи ҳамкорӣ бо чехҳо ва ба истифода додани як печи васлкунандаи истеҳсолот бо истифода аз ангишт ва билохира мушарраф гардидан ба нишондодҳои баланди молиявию иқтисодӣ мебошад.              Ташаккур барои сӯҳбат.               Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».  

Сентябрь 2, 2009 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст