ФАБРИКА ДАР ДЕҲА
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сармуҳандиси фабрикаи бофандагии «Фаррес» — и деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор Эмомназар Раҷабов, иқтидори истеҳсолии фабрикаи мазкур дар як сол 1500 тонна ришта мебошад. Дар фабрикаи нави бофандагӣ, ки аз моҳи июни соли 2009 ба кор оғоз кардааст, мутахассисони ботаҷриба аз вилояти Суғд ва Қӯрғонтеппа ба кор даъват карда шуданд. Мутахассисони хуҷандӣ тибқи шартнома корҳои васлкунии дастгоҳҳоро анҷом доданд. Мутахассисони қӯрғонтеппагӣ бошанд, ба духтарон касбҳои бофандагӣ ва ресандагиро омӯхтанд. Ҳоло дар фабрикаи бофандагии «Фаррес», ки дар як баст кор ба роҳ монда шудааст, 150 нафар духтарони деҳаҳои Гулшан, Аловуддин ва Шафтолубоғ ба кор ҷалб карда шудаанд. Дар фабрика ҳаррӯз аз 400 то 450 килограмм ришта истеҳсол карда мешавад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, фабрика дар наздиктарин моҳҳо бо иқтидори пурра дар се баст бо 400 ҷои корӣ фаъолият мекунад. Истеҳсолот дар асоси дархости пешакӣ ба нақша гирифта мешавад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






