ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР БАРОИ БАХШИДАНИ ҚАРЗҲОИ ПАХТАКОРОН КӮМАК МЕКУНАД

Сентябрь 18, 2009 11:54

                 Имруз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.                 Дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.                 Таваҷҷӯҳи асосӣ ба татбиқи тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯмаки кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба кишвар зоҳир карда шуд.                  Аксел Шиммелпфенниг ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки Хазинаи байналмилалии асъор барои дастгирии тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Тоҷикистон илова ба 116 миллион доллари амрикоӣ, ки дар аввали соли равон ҷудо гашта буд, боз 30 миллиони дигар дар нимаи дуюми сол ва 100 миллион соли оянда ҷудо хоҳад кард.                  Аксел Шиммелпфенниг аз тадбирҳои Ҳукумати мамлакат оид ба бекор кардани қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Хазинаи байналмилалии асъор дар ин самт низ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард.                  Ҷонибҳо оид ба самтҳои ҳамкории оянда ва ҷалби бештари кӯмакҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 18, 2009 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд