ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ КӮЛОБ ПАХТАЧИНИРО ОҒОЗ НАМУДАНД

Сентябрь 26, 2009 13:28

                   Кӯлоб, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар саросари ноҳияҳои кишвар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2009 шурӯъ гардид. Новобаста ба номусоидии ҳаво деҳқонон дубораю себора кишти такрорӣ гузаронида, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба нашъунамои хуби майдони пахтазор ноил гардиданд. Дар ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон яке аз аввалинҳо шуда деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Хатлон» ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намуданд. Аъзоёни хоҷагӣ ҳамарӯза ба миқдори 100-110 килограмӣ пахта мечинанд, ки давоми 10 рӯзи аввал дар хирманҳои хочагӣ беш аз 150 тонна пахта ҷамъ оварда шуд.                   Дар бригадаи рақами 1-и хоҷагӣ маъракаи ҳосилғундорӣ рӯз аз рӯз авҷ гирифта, аз чиниши аввали пахтазор маълум аст, ки ҳосили имсола нисбати соли гузашта ба маротиб зиёд хоҳад шуд.Бояд қайд намуд, ки соли гузашта аз нарасидани об як қисми заминҳои хоҷагӣ хушкида, ҳосили ба дастомада деҳқононро қаноатманд нагардонида буд. Новобаста ба ин нақшаи ҷамъоварии ҳосилро барзиёд иҷро намуданд. Дар хирманҳои бригадаҳои хоҷагӣ бошад дар мавсими имсола пахтаи хушсифат ҳамарӯза ворид мешавад                    Қайд кардан бамаврид аст, ки хоҷагии деҳқонии «Хатлон» дар ноҳияи Кӯлоб яке аз хоҷагиҳои калони пахтакор ба ҳисоб рафта, деҳқонон соли ҷорӣ дар майдони 471 гектар пахта парвариш намудаанд. Дар ҳолати муташаккилона ҷамъоварӣ намудани ҳосил то охири моҳи октябр хоҷагӣ метавонад нақшаи пахтасупориро иҷро намояд. 

Сентябрь 26, 2009 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд