ИҚДОМИ НЕКИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони фаврии прокуратураи вилояти Суғд ба таври ихтиёрӣ аз музди моҳонаи худ 4 590 сомонӣ ҷамъ намуда, 910 дона лампаҳои каммасраф харида, ба 126 нафар, аз ҷумла ба 42 нафар собиқадорони мақомоти прокуратура ва 84 нафар кормандони техникӣ ва мутахассисон, аз 5 то 10 донагӣ тақсим карданд. Кормандони прокуратураи шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов аз моҳонаи худ 1100 сомонӣ ҷамъ карда, 220 дона лампаи каммасраф ба ташкилотҳои ниёзманд кӯмак карданд. Гуфтанист, ки ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фитри рӯза харидорӣ кардани лампаҳои каммасраф ва тақдим намудани он ба оилаҳои камбизоат аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳамҷониба дастгирӣ ёфта, дар ин самт аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ иқдомҳои назаррас амалӣ мегарданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






