И. АЛИЕВ БА ҚОНУН ИТОАТ НАМЕКУНАД?
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар манзилҳои истиқоматии кўчаҳои Пушкин ва Мирзо Турсунзода як қатор камбудиҳои ҷиддиеро ошкор намуданд, ки он ҳар лаҳза метавонад сабабгори сўхтор ва ё дигар ҳодисаву воқеаҳои нохуш гардад. Дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтори ноҳияи И. Сомонӣ Умедҷон Шукуров ва Далерҷон Ашуров, иттилоъ доданд, ки то ба имрўз дар ҷумҳурӣ 783 ҳодисаи сўхтор бо зарари 3 млн. 698 ҳазору 189 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар он 21 нафар шаҳрвандон, ки аз онҳо 6 нафарашон кўдакон мебошад, ба ҳалокат расиданд. Бояд қайд кард, ки зиёда аз 70 % сўхторҳо дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, бо сабаби риоя нашудани оддитарин қоидаҳои бехатарӣ, ба амал меоянд. Чанде пеш кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтори ноҳияи И. Сомонии пойтахт бо мақсади амалӣ сохтани чораҳои иловагӣ ҷиҳати таҳкими бехатарӣ аз сўхтор, дар биноҳои истиқоматии ҳудуди ноҳия, бо назардошти Қарори Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2006 «Дар бораи тадбирҳои таъмини бехатарии иншоотҳои соҳаҳои иқтисодиёт ва манзилҳои истиқоматӣ аз сўхтор дар қаламрави пойтахт», дар биноҳои манзилҳои истиқоматии тобеъи Раёсати хоҷагии манзилии № 2-и ноҳияи И. Сомонӣ, ки роҳбарии онро Изатулло Алиев ба ўҳда дорад, корҳои профилактикӣ — фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Муайян карда шуд, ки дар Раёсати номбурда, ягон адад оташхомўшкунаки коршоям вуҷуд надорад, вазъи кабелу ноқилҳои барқӣ низ боиси нигаронӣ буда, дастурамалу нақшаи тахлияи (эвакуатсияи) одамон ва арзишҳои молӣ тарҳрезӣ нашудааст. Бар асоси иттилои ин хадамот, муқовимати рўйпӯши кабелу ноқилҳои барқӣ низ аз санҷиш гузаронида нашудааст. Қисмҳои чубини боми бино бошанд, бо маҳлули махсуси ба оташ тобоваранда коркард нагардидааст. Дар баробари ин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар рафти санҷиш ягон гуна ҳуҷҷатгузорӣ дар самти таъминӣ бехатарӣ аз сўхтор, аз тарафи сардори Раёсат пешниҳод карда нашуд. Бо назардошти камбудиҳои дар боло зикр шуда, дар асоси моддаи 473 Кодекси Ҳуқуқувайронкунии маъмурии ҶТ аз тарафи нозири Назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтори ноҳияи И. Сомонӣ Алӣ Миралиев нисбати сардори Раёсати хоҷагии манзилии № 2 Изатулло Алиев протоколи ҳуқуқваронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори он Изатулло Алиев шинос карда шуд. Ба ҷои он, ки сардори Раёсати хоҷагии манзилии № 2 аз паи бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта гардад, ғайричашмдошт, ў ба нозир Алӣ Миралиев дар афтода, бо суханони баду дашномҳои қабеҳ нозири Назорати давлатии бехатарӣ аз сўхторро аз утоқи кории худ пеш намуда, нусхаи протоколи тартибдодаро намоишкорона пора — пора намудааст. Инҷо саволе ба миён меояд, ки оё ба чунин рафтори ношоиста даст задани шахси мансабдор магар худ ҷиноят нест? Ҳол он, ки дар ҷаласаи васеи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар таърихи 11 октябри соли 2008 баргузор гардида буд, Раиси шаҳр аз шахси масъул ва роҳбар ба таври қотеъона риоя кардани талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои сўхтор дар ташкилоту муассисаҳо талаб намуда буд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






