ИЛҲОМ АЗ ИҚДОМИ ПРЕЗИДЕНТ

Сентябрь 23, 2009 14:46

                Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ дар минтақаи Кӯлоб дар арафаи Иди сайиди Фитр ба оилаҳои камбизоати шаҳраки ба номи Синои Кӯлоб фурӯзонакҳои каммасраф кӯмак карданд.                 Дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба ҳар оила 5 фурӯзонаки каммасраф тақдим гардида, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик ба оилаҳои камбизоати дигар минтақаҳои Кӯлоб чунин иқдом амалӣ карда шавад.                 Мавриди зикр аст, ки ин амали хайр ибрат аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи Иди сайиди Фитр ба 360 оилаи камбизоати шаҳри Душанбе чун фитри рӯзаи худ 8 — донагӣ фурӯзонакҳои каммасраф тақдим намуд, сарчашма мегирад.

Сентябрь 23, 2009 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд