ИМКОНИЯТИ ИСТИФОДАИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Рӯзҳои 11 ва 12 ноябри соли 2009 дар Душанбе таҳти унвони «Имкониятҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ» конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад. Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ташкилкунандагони конфронс Фонди Карнеги, намояндагии Палатаи тиҷоратии Амрико дар Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳҳомии «Системавтоматика» ва Иттиҳодияи энергетикҳои Тоҷикистон мебошанд. Конфронс бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи конфронс таҳлили имкониятҳои истифода ва рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ, иваз кардани таҷриба дар байни мамлакатҳои минтақа ва қабули қарорҳое мебошад, ки ба амалӣ сохтани нақшаю барномаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия мусоидат менамоянд. Дар конфронс мутахассисон, коршиносон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд варзид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






