ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒ МЕАФЗОЯД

Сентябрь 24, 2009 09:19

                Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти рӯзномаи «Российская Бизнес- газета» сарфи назар аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ интиқоли маблағ аз Федератсияи Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кам нагардидааст.                 Ба иттилои ҳамин манбаъ, на нигоҳ доштани сохтмон, на мушкилоти савдои бозор ба интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ таъсир накардааст.                Дар семоҳаи дуюм аз ФР тавассути бонкҳо ва дигар сохторҳои интиқолдиҳандаи маблағи муҳоҷирон 5 млрд. 703 млн. доллари амрикоӣ ё нисбат ба се моҳаи авали соли ҷорӣ 801 млн. доллар маблағ бештар интиқол дода шудааст.                Дар ин муддат маблағи аз ҳама зиёд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 477 млн. ,Тоҷикистон 392 млн. Қирғизистон 224 ва Ҷумҳурии Арманистон 215 млн. доллари амрикоӣ интиқол дода шудааст. Интизор меравад, ки дар семоҳаи сеюм интиқоли маблағ ба ИДМ боз бештар хоҳад шуд.

Сентябрь 24, 2009 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид