ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар корхонаи саноатии «Комрон – Агро – Холдинг» — и вилояти Суғд аз пахтаи хом нахи пахта ва равғани наботӣ истеҳсол карда мешавад. Бояд гуфт, ки равғани истеҳсолнамудаи корхона аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар мебошад. Вақтҳои охир корхона аз имкониятҳои мавҷуда самарабахш истифода бурда, истеҳсоли маҳсулотро торафт афзун мегардонад. Роҳбарияти корхона бо вуҷуди душвориҳои давраи бӯҳрони шадиди ҷаҳонии молиявӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои он имконият пайдо мекунад. Аз ҷумла, дар корхона коргоҳи нави истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво кушода мешавад, ки аз омехтаҳои маъданӣ бой мебошад. Хӯроки мазкур вазни чорворо зиёд ва шири говҳоро бештар мегардонад. Дар натиҷаи истифодаи он истеҳсоли шир дар як шабонарӯз аз 120 то 150 тонна ва дар давоми сол то 40 ҳазор тонна меафзояд. Аз дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки корхона ғайр аз ин хоҷагиҳои деҳқониро бо нуриҳои маъданӣ таъмин менамояд. Дар натиҷа замин серҳосил ва ҳосилнокии зироат боз ҳам бештар мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






