КӮМАК БА ОСЕБДИДАГОНИ МИНАҲО
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ҷониби Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо (МТММ) ҷиҳати дастгирии осебдидагони минаҳои заминӣ ва зиддипиёдагард барномаи махсус роҳандозӣ карда шудааст. Дар ҷараёни амалисозии лоиҳаи мазкур то соли 2009 беш аз 200 нафар ҷабрдидаи мина аз кӯмакҳои иқтисодӣ баҳраманд гардиданд. Бино ба гуфти мутахассиси кӯмак ба осебдидагон Райҳона Мӯъминова, ба онҳо 6 намуди ёрӣ, аз қабили ҷамъоварии маълумот дар бораи онҳо, ёрии тиббӣ ва равонӣ, ёрии ҳуқуқӣ, ёрии иқтисодӣ ва фиристонидани онҳо ба фароғатгоҳҳо расонида мешаавад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, эҳтимоли дар қайди Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо набудани баъзе осебдидагон вуҷуд дорад. Дар сурати муроҷиати осебдидагон, Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо ба онҳо кӯмак хоҳад кард. Аз соли 1992 то имрӯз бар асари таркиш дар минаҳо 354 нафар фавтида, 449 нафар ҷароҳатхои гуногун бардоштанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






