КӮМАКИ ҶОПОН
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Аз Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барномаи тармиму барқарорсозии канали иригатсионӣ дар ҷамоати Калининободи ноҳияи Ғончӣ бо муваффақият анҷом ёфт. Барномаи мазкур дар доираи кӯмаки бебозгашти Ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон ба маблағи 82 ҳазору 681 доллари ИМА иҷро карда шуд. 12 сентябр маросими расмии ба истифода додани канал баргузор гардид. Дар он раиси ноҳияи Ғончӣ Қаҳҳор Ойтматов ва Котиби сеюми Сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон Такуя Тамаи иштирок мекунанд.