КИТОБИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БО ЗАБОНИ ҲИНДӢ ЧОП ШУД

Сентябрь 11, 2009 11:17

               Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Дирӯз 10 сентябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими муаррифии китоби аввали чорҷилдаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то сомониён» бо забони ҳиндӣ баргузор гардид.Китоби мазкур дар пойтахти Ҳиндустон-Деҳли бо ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Фонди «Ҳамкории Ҳиндустон бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» чоп шуд.                Дар маросими муаррифии китоб роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ, намояндагони аҳли ҷамъият, намояндагони Сафоратхонаи Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва рӯзноманигорон иштирок карданд. Иштирокчиён моҳияти таърихии китоби маркурро қайд намуданд, ки дар он далелҳои асосноки таърихии ба вуҷуд омадани давлати мустақили тоҷикон дар давраи ҳукумати сомониён инъикос карда шудаанд.

Сентябрь 11, 2009 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд