КОНФРОНС БАХШИДА БА ИМОМИ АЪЗАМ

Сентябрь 25, 2009 12:05

                 Исломобод, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – 24 сентябр дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод бо кӯмаки Донишгоҳи байналхалқии исломии Покистон бахшида ба 1310 — солагии Имоми Аъзам конфронс баргузор гардид. Конфронсро сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ташкил намуд.                  Дар он ректори Донишгоҳи байналхалқии исломии Покистон Фотеҳ Муҳаммад Малик, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятҳои дӯстии мамлакатҳои Осиё Зафари Бахтоварӣ, декани Донишгоҳи Исломии Панҷоб Мазҳар Муҳаммад Салим, омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои дигари олии динӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммавии Покистон ширкат варзиданд.                 Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов дар назди ҷамъомадагон дар бораи осори илмӣ ва нақши Имом Абӯ Ҳанифа дар таърихи ислом ва ҷаҳони имрӯза маърӯза кард. Баъдан дар конфронс меҳмонон сухан карданд.                  Онҳо ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷлили бошукӯҳи 1310 — солагии Имоми Аъзам баҳои баланд доданд. Қайд карда шуд, ки тақрибан 70 фоизи мусулмонони ҷаҳон пайрави мазҳаби Имоми Аъзам мебошанд.                  Ректори Донишгоҳи байналхалқии исломии Покистон Фотеҳ Муҳаммад Малик изҳор намуд, ки тадбирҳои вобаста ба 1310 — солагии Имоми Аъзам дар Тоҷикистон баргузоршаванда, аз ҷумла, симпозиуми ба ин мусносибат 5 – 6 октябр дар Душанбе ба нақша гирифташуда обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар байни мамлакатҳои исломӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.                 Иштирокчиёни конфронс дар фарҷоми он ба Ҳукумат ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.                  Конфронс дар рӯҳияи дӯстона ва ҳусни тафоҳум гузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Исломобод хабар доданд.

Сентябрь 25, 2009 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд