КУРСИ ЗАБОНОМӮЗӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Сентябрь 18, 2009 11:41

                Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Муовини раиси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар масъалаи равобити байналхалқӣ Раҳмон Ӯлмасов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар курси яксолаи тайёрии забономӯзии донишгоҳ 30 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил мекунад. Онҳо дар ин ҷо забони русӣ меомӯзанд. Дар курси мазкур асосан шаҳрвандони Чин, Афғонистон, Эрон, Туркия ва Сурия таҳсил мекунанд. Баъди хатми курси яксола ба онҳо сертификати махсус дода мешавад. Хатмкунандагони курс метавонанд ба мактабҳои олии Русия дохил шаванд.                Теъдоди шунавандагони курси забономӯзии назди донишгоҳ сол то сол меафзояд, гуфт Р.Ӯлмасов. Соли гузашта дар он ҳамагӣ 15 нафар таҳсил мекард. Имсол шумораи онҳо ду баробар афзуд. Соли равон ба курси забономӯзӣ аз Ҷумҳурии Араби Сурия донишҷӯён қабул карда шуданд.                    Барномаи таълимии курси омӯзиши забони русӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мувофиқи барномаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Русия тартиб дода шудаанд, гуфт дар хотима Раҳмон Ӯлмасов.

Сентябрь 18, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд