КУШОДАНИ РОҲИ ҲАВОӢ ОМИЛИ РУШДИ ТАВСЕАИ РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи баргузории Форуми иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон 7 сентябр дар бӯстонсарои беруназшаҳрии «Варзоб» мулоқоти доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор шуд.Дар мулоқот роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратию соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла беш аз 40 соҳибкору намояндагони ширкатҳои бонуфузи Ҳинд иштирок доштанд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамроалиев, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр, Раиси палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саидов доир ба вазъ ва ҳолату имкнониятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзалиятҳои он ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам буда, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон барои татбиқи ҷараёни лоиҳаҳои сармоягузорӣ кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад. Мубодилаи мол байни ҳар ду давлат дар 7 моҳи соли равон 30 миллион доллари америкоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 % афзудааст. Дар ҷараёни мулоқот соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро дар бахши гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ, туризм, дорусозӣ ва дигар соҳаҳоро муҳокима намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ва мушаххас баён намуданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки набудани роҳи ҳавоӣ барои ривоҷи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон монеъа эҷод кардааст. Аз ин рӯ, тарафҳо кушодани роҳи ҳавоиро яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ҳар ду давлат арзёбӣ карданд. Дар форуми иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон масъалаҳои таҳияи барномаҳоеро ба миён гузоштанд, ки барои амалӣ намудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон доир ба коҳиш додани шиддати бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Бояд зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории Форуми иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ҳар ду кишвар буда, он қадами устуворе хоҳад гардид дар тақвияти минбаъдаи робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






