М. МУХТОРОВ ДАРСИ СУЛҲ ГУЗАРОНД
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бахшида ба Рӯзи Дониш имрӯз, 1- сентябр муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов бо устодон ва донишҷӯёни Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи Партов Буйдоқов вохӯрӣ намуд. М. Мавлонов устодону донишҷӯёнро ба фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният намуда, қайд кард, ки коллеҷи мазкур дар таълиму тарбияи насли бо маърифату соҳибилм ва мутахассисони баландихтиссоси соҳаи фарҳанг саҳми калон дорад. Пас аз вохӯрӣ ҷонишини вазир дар курси сеюми шӯъбаи рӯзноманигорӣ дар мавзӯи "Ваҳдат ва сулҳ " ба муддати 45 дақиқа дарс дод. Бояд қайд намуд, ки ду нафар Вазири собиқи фарҳанги ҷумҳурӣ — Ато Ҳамдам ва Абдураҳим Раҳимов, ду собиқ муовинони Вазири фарҳанг — Карим Қурбонов ва Сангин Ҳофизов ва дигар мутахассисони маъруфи соҳаи фарҳанг парвардаи коллеҷи П. Буйдоқов мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






