МАҲФИЛИ РӮДАКИХОНӢ
Бадахшон, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар толори китобхонаи вилоятӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев маҳфили Рӯдакихонӣ баргузор гардид. Устодони донишгоҳ Лоло Давлатбеков, Дорға Фозилов ва сарвари китобхонаи вилоятӣ Алидоди Чароғабдол аз зиндагиномаи шоир ба тафсил сухан ронда, қайд карданд, ки дар давоми ёздаҳ асри мавҷудияти адабиёти тоҷику форс анъанаҳои Рӯдакӣ ҳамеша зиндаву ҷовидон мондаанд. Ҳамчунин аз ашъори Абуабдуллои Рӯдакӣ шеърҳо қироат карданд. Дар навбати худ донишҷӯён низ аз осори пурғановати қофиласолори назми форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ порчаҳои шеъриро қироат намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






