МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ҶАЛОЛ ИКРОМӢ

Сентябрь 19, 2009 10:38

                Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дирӯз дар Театри академии драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳфили ёдбуди нависандаи бузурги тоҷик Ҷалол Икромӣ баргузор гардид. Маҳфил ба 100 — солагии рӯзи таваллуди адиб бахшида шуд. Нависандагону шоирон, олимон, ҳунарпешагон ва арбобони сиёсӣ дар ҷараёни маҳфил хотираҳояшонро дар бораи ҳаёту эҷодиёти нависандаи машҳур баён намуданд.                 Писари нависанда Ҷонон Икромӣ аз номи аҳли оилаи Икромиҳо ба ташкилкунандагони маҳфил изҳори сипос намуд.Ҷалол Икромӣ нависандаи даврони шӯравии тоҷик буда, 20 сентябри 1909 дар шаҳри Бухоро дар оилаи қозӣ таваллуд шудааст. Ӯ соли 1928 донишкадаи муаллимтайёркуниро хатм карда, 1930 ба Душанбе омад. Ҷ.Икромӣ аввал корманди илмии Кумитаи омӯзиши Тоҷикистон буд, ки баъдан ба Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ табдил дода шуд. Нависанда тӯли солҳои фаъолияти минбаъдааш корманд ва котиби масъули маҷаллаҳои адабӣ буда, ба қисми адабии Театри академии драммавии ба номи Лоҳутӣ роҳбарӣ карда, инчунин дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон кор кардааст.                    Шеърҳои аввалини Ҷ.Икромӣ аз солҳои 20 – уми асри гузашта сар карда, чоп мешуданд. Дар тақдири нависанда устоди ӯ Садриддин Айнӣ нақши муҳим бозидааст. С.Айнӣ ба Ҷалол Икромӣ маслиҳат дода буд, ки қувваи худро дар эҷоди асарҳои насрӣ озмояд. С.Айнӣ асарҳои Ҷ.Икромиро таҳрир мекард ва ӯро ба майдони адабиёт раҳнамун месохт. Маҷмӯаи аввалини асарҳои Ҷ.Икромӣ соли 1934 бо номи «Ҳаёт ва ғалаба» чоп шуд.                  Соли 1962 асари калонҳаҷми ӯ «Духтари оташ» дастраси хонандагон гардид. Асар дар бораи ҳаёти халқи Бухоро дар солҳои охирини ҳукумати амирӣ, муборизаи занони шарқ барои озодӣ ва барқарор гардидани ҳокимияти нав дар Осиёи Миёна нақл менамояд. Романи мазкур соли 1964 сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ гардид.                    Инчунин повести «Мор», драммаи «Душман», асари мазҳакавии «Тухми муҳаббат», романи «Шодӣ» ва ғайра ба қалами Ҷ.Икромӣ тааллуқ доранд. Нависанда аз рӯи чандин повесту ҳикояҳои нависандагони тоҷик ва шӯравӣ намоишномаҳо таълиф намудааст.                  Ҷ.Икромӣ узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Помир», Нависандаи халқии Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Душанбе интихоб шудааст.                 Ӯ бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Дӯстии халқҳо», «Нишони ифтихор», медалҳо ва ифтихорномаҳои раёсати Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.                  Ҷ.Икромӣ соли 1993 вафот кард. Ӯ дар қабристони Лучоб дафн карда шудааст.

Сентябрь 19, 2009 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд