МАҶЛИСИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБИИ ГАРНИЗОНИ КӮЛОБ

Сентябрь 26, 2009 13:27

                    Кӯлоб, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар толори прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб маҷлиси шӯрои ҳамоҳангсозии қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сохторҳои низомии гарнизони Кӯлоб баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои ҷамбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои низомӣ дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, оғози даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ гардиданд. Зимнан дар бораи ӯҳдадории умумӣ ва хизмати ҳарбӣ, фармони             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009 дар бораи ба эҳтиёт, рухсат иҷозат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо кардаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1982-1991 ба хизмати ҳарбӣ ва аз ҷониби муфаттиши прокуратураи мазкур лейтинанти адлия Зарипов Ашӯрмад мавзӯи         "Таҷрибаи тафтишоти — судии ҷиноятҳои сӯистеъмолии мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизмати баромадан, ва дигар сохторҳои низомии ҳудуди гарнизони Кӯлоб» маърӯза карда муайян гардид, ки бар асари фаъолияти ҳамарӯза ва пурзӯри ташвиқотию тарғиботии кормандони прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб бобати фаҳмондаҳии талаботи қонунгузории низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои низомӣ нисбати соли 2008 ҷинояткорӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ аз ҷониби шахсони мансабдори қисмҳои низомӣ 50 фоиз кам гардида, содиршавии ин қабил ҷиноятҳо аз ҷониби шахсони мансабдори комиссияҳои даъвати ҳудуди гарнизон 30 фоиз зиёд шудааст. Аммо хушбахтона ин ҷиноятҳо сари вақт аз ҷониби кормандони прокуратураи ҳарбии горнизони Кӯлоб ошкор карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шуданд"                    Дар анҷоми маҷлис раёсати прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб бори дигар ҳозиринро ба хизмати софдилона ва иҷрои вазифаҳояшон ҳидоят намуда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сентябрь 26, 2009 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид