МАБЛАҒИ ҲАВОЛАИ ПУЛ МЕАФЗОЯД

Сентябрь 16, 2009 11:04

                 Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи маълумоти Бонки марказии Русия, дар семоҳаи дуюми соли 2009 маблағи ҳаволаи пул ба хориҷа, аз ҷумла, мамлакатҳои ИДМ хеле афзуд. Дар ин муддат аз Русия ба воситаи бонкҳо ва почта 5,703 миллиард доллари ИМА фиристода шуд, ки нисбат ба семоҳаи аввали сол 801 миллион доллар зиёд мебошад.                Дар давоми семоҳаи дуюми соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 392 миллион доллари ИМА фиристода шудааст. Тоҷикистон дар масъалаи вуруди маблағ аз Русия баъди Чин ва Ӯзбекистон ҷои сеюмро ишғол менамояд.                Дар давоми семоҳаи аввали сол аз Русия ба Чин 530 миллион доллари ИМА ва ба Ӯзбекистон 477 миллион доллари ИМА фиристода шудааст.                 Хабар дода мешавад, ки дар давоми семоҳаи дуюми сол аз Русия ба мамлакатҳои хориҷӣ 5,7 миллиард доллар фиристода шудааст. Ин нисбат ба семоҳаи якум 801 миллион доллар зиёд мебошад.

Сентябрь 16, 2009 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид