«МАКТАБИ МАҲОРАТ» — И ОТАХОН ЛАТИФӢ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ маросими пешниҳоди китоби нав дар бораи журналисти маъруфи тоҷик ва ходими намоёни сиёсӣ Отахон Латифӣ баргузор гардид, ки «Мактаби маҳорат» ном дорад. Онро Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба чоп тайёр намудааст. Дар китоб роҳи эҷодиёт ва таҷрибаи бузурги касбии журналисти маъруф таҳлил карда мешавад, ки мухбири махсуси рӯзномаҳои «Известия» ва «Комсомолская Правда» дар Осиёи Марказӣ буд. Муаллифони асар услуби кор, бозёфтҳои эҷодӣ, тарзи баён, забон ва мавзӯи асару мақолаҳои Отахон Латифиро ҳадафи таҳқиқ қарор додаанд. Муаллифони китоб олимон ва журналистони маъруф Иброҳим Усмонов, Пайванд Гулмуродзода, Ҷовид Муқим ва дигарон мебошанд. Китоб бо теъдоди 1000 нусха чоп шуда, дар факултаю шӯъбаҳои журналистикаи мактабҳои олии ҷумҳурӣ, воситаҳои ахбори оммавӣ, созмонҳои байналхалқию ғайриҳукуматӣ ва китобхонаҳои мамлакат паҳн карда мешавад. Отахон Латифӣ соли 1936 дар ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Вай соли 1963 шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм карда, дар рӯзномаҳои ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ мухбири махсуси рӯзномаҳои машҳури «Известия» ва «Комсомолская Правда» буд. Отахон Латифӣ инчунин муаллифи чандин филмномаҳои мустанад мебошад. Ӯ соли 1997 ба комиссияи иловагии масъалаҳои ҳуқуқи Комиссияи оштии миллӣ роҳбарӣ мекард. Шахсони номаълум ӯро 22 сентябри соли 1998 дар назди хонааш ба қатл расонданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






