МАКТАБИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД
Чкаловск, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). – 1 сентябр дар Рӯзи дониш дар шаҳри Чкаловск ба муносибати оғози фаъолияти мактаби нави Президентӣ ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Ба ин муносибат талабагон ва волидайни онҳоро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва собиқадорони меҳнат табрик намуданд. Сохтмони бинои мазкур ҳанӯз солҳои ҳокимияти Шӯравӣ оғоз ёфта, баъди барҳам хӯрдани он ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Баъдан барои анҷом додани сохтмони он аз ҳисоби фонди эҳтиётии сардори давлат ва буҷети вилоят 17 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Сохтмони бино тобистони ҳамин сол анҷом ёфт. Мактаби нави президентӣ 33 синфхона дорад ва дар он 1296 талаба таҳсил мекунад. Қабл аз оғози соли таҳсил дар асоси озмун барои мактаб 61 муаллим қабул карда шуд. Машғулиятҳо дар ин ҷо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешаванд. Мактаб дорои синфхонаҳои васеу барҳаво, кабинетҳои фанӣ, китобхонаи электронӣ, студияи телевизион, синфҳои махсус барои омӯхтани рақс ва рассомӣ, ҳавзи шиноварии болопӯшида, толорҳои варзишӣ ва ошхона мебошад. Сардори раёсати маорифи вилоят Саидмухтор Ҷалолов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имрӯз дар 894 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят 464 ҳазору 225 талаба таҳсил мекунад. Ба онҳо 33 ҳазору 796 омӯзгор талим медиҳад. Фасли тобистон дар вилоят чандин мактабҳои нав сохта, мактабҳои кӯҳна тармим карда ва синфхонаҳои нав кушода шуданд. Қайд карда шуд, ки то ҳол дар баъзе ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, Исфара, Панҷакент, Истаравшан ва ғайра бо сабаби нарасидани ҷой дар мактабҳо талабагон дар навбати сеюм дарс мехонанд. Дар баъзе ноҳияҳои дигар, аз чумла, Мастчоҳ, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров талабагон машғулиятҳоро дар вагонҳо мегузаронанд. С.Ҷалолов зикр намуд, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ин ноҳияҳо давом дорад. Се сол пеш дар вилоят қариб 2 ҳазор муаллим намерасид. Имрӯз дар мактабҳои вилоят ҳамагӣ 282 муаллим намерасад. Аз 1 сентябри соли равон маоши муаллимон 15 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамаи ин дар бораи ғамхории давлату ҳукумат ба соҳаи маориф шаҳодат медиҳад, гуфт С.Ҷалолов.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






