МАНФИАТИ КӮДАКОНИ ХИЁБОНӢ ҲИМОЯ КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар доираи лоиҳаи «Пешгирии ВИЧ/СПИД дар миёни кӯдакони хиёбонии шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби Фонди Глобалӣ маблағгузорӣ мешавад, дар натиҷаи гузаронидани як назарсанҷӣ миёни кӯдаконе, ки дар бозорҳо ва дигар нуқтаҳои ба мошиншӯӣ ва оворагардӣ машғуланд, маълум гардид, ки сатҳи дониш ва фаҳмиши онхо дар бораи бемории ВИЧ/СПИД ва риояи меъёрҳои пешгирии он хеле паст аст,- иброз доштанд дар ташкилоти ҷамъиятии «Маркази Позитив». Бояд иброз дошт, ки ташкилотҳои ҷамъиятии «Маркази Позитив», «Насли наврас», «Хонаи ҷавонон», RSVS, Ассотсиатсияи солимии репродуктивӣ пешниҳод намуданд, ки баҳри такмили корҳои иттилоотию маърифатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои бо кӯдакони хиёбонӣ сарукордошта гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шавад. Вазифаи гурӯҳи корӣ аз он иборат аст, ки манфиати чунин кӯдакони осебпазири ҷомеаро дар назди сохторҳои гуногун ҳимоят намоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






