МАЪРАКАИ КӮМАК БА ОДАМОНИ БЕКАСУ ТАНҲО

Сентябрь 30, 2009 10:28

                 Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 1 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналхалқии одамони солхӯрда таҷлил карда мешавад. Маркази миллии ихтиёриёни Тоҷикистон ба ин муносибат қарор додааст, ки ба сокинони солхӯрда, камбизоат ва яккаю танҳои шаҳри Душанбе кӯмак расонад.                  Директори маркази мазкур Хуршед Қодиров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки чунин маърака дар Тоҷикистон бори аввал гузаронида мешавад. Мо барои гузаронидани он ба муассисаҳои алоқаи телефонии мобилии мамлакат муроҷиат кардем. Тавассути телефонҳои мобилӣ сокинони мамлакат даъват карда мешаванд, ки дар ин маърака саҳм гузоранд.                 Айни ҳол дар пойтахти мамлакат 327 шахси солхӯрдаю бемор ва яккаю танҳо зиндагӣ мекунад, аз ин ҷумла, 27 нафар бемори барҷомонда мебошад, ки ба кӯмаки дигарон эҳтиёҷ доранд. Мо ният дорем, ки онҳоро фасли зимистон бо озуқа таъмин намоем. Умед аст, ки ташкилоту муассиса, корхонаҳо, созмонҳо ва тамоми сокинони мамлакат ба ин ташаббуси мо пайравӣ хоҳанд кард, гуфт Хуршед Қодиров. 

Сентябрь 30, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд