МАРКАЗИ ОМОДА СОХТАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТАҲҚИҚИ ЗАМИН
Маскав, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). — Рӯзҳои 23 ва 24 сентябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ маҷлиси навбатии гурӯҳи кории намояндагони ваколатдори ИДМ баргузор мегардад. Тибқи нақша, дар он лоиҳаи қарори табдил додани Донишгоҳи давлатии таҳқиқи замин ва харитасозии Маскав ба маркази омода сохтани мутахассисони соҳаи таҳқиқи замини давлатҳои Иттиҳод мувофиқа карда хоҳад шуд. Иштирокчиёни иҷлосияи 29 Шӯрои байнидавлатии геодезия, харитасозӣ, ҷамъ овардани маълумот дар бораи замин ва таҳқиқи қабатҳои он қабл аз ин лоиҳаи низомномаро дар бораи фаъолияти Маркази омода сохтани мутахассисони соҳаи таҳқиқи замин маъқул дониста буданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






