МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров).- Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил имрӯз, 7 сентябр дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон дар Маҷмааи миллии Ваҳдат ва Эҳёи Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ» ба нишони эҳтироми халқи тоҷик ба пояи ҳайкали асосгузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин маросим меҳмони олиқадр ва ҳамроҳонашро Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Хабар дода мешавад, ки Президенти Ҳиндустон имрӯз бо раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев ва Сарвазири Ҷумҳурӣ Оқил Оқилов мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Президентҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон шоми имрӯз дар мулоқоти соҳибкорону тоҷирони ҳар ду мамлакат ширкат меварзанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






