МАШҚИ НИЗОМӢ ДАР БЕЛОРУСИЯ

Сентябрь 17, 2009 10:57

                 Маскав, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 19 сентябр дар Ҷумҳурии Белорусия даври дуюми машқи ҳарбии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти унвони «Ғарб – 2009» оғоз меёбад. Муовини муншии умумии созмон Валерий Семериков ба журналистон гуфт, ки мавзӯи машқи низомӣ омӯхтан ва таҳлил кардани роҳу усулҳои истифодаи қисмҳои ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои СААД дар қисмати шарқии Аврупо мебошад. Дар ҷараёни машқ тартиби гузаронидани амалиёти муштараки қисмҳои ҳарбӣ муайян карда, роҳу воситаҳои расондани кӯмаки ҳарбию сиёсӣ, ҷангӣ ва техникию низомӣ дар доираи созмон аниқ карда хоҳад шуд.                Аз 26 то 29 сентябр масъалаҳои амалии тайёр кардан ва амалӣ сохтани нақшаҳои гузаронидани амалиёти қисмҳои ҳарбии мамлакатҳои аъзои созмон муқаррар карда мешавад. Машқи низомӣ таҳти роҳбарии вазири мудофиаи Белорусия, генерал – полковник Леонид Малцев мегузарад.                 Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки даври аввали машқи мазкур аз 26 то 28 август дар Маскав баргузор гардида буд.

Сентябрь 17, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд