МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР НАЗДИ САРВАРИ ДАВЛАТ
18 уми сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва олимону ходимони намоёни соҳаи илму фарҳанг оид ба омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам, иди саиди Фитр ва ба зимистони пешомад машварати корӣ доир намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам ва симпозиуми байналмилалии бахшида ба ин мавзӯъ ҳисоботи Муовини раиси Кумитаи тадорукоти ҷашн-Муовини сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ва роҳбарони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои дахлдорро шунида, ба масъулин оид ба омодагии ҷиддӣ ва дар сатҳи баланди илмию ташкилӣ гузарондани ин чорабинии муҳими илмию фарҳангӣ дастуру ҳидоятҳо дод.Зимни машварат, аз ҷумла таъкид гардид, ки то имрӯз барои иштирок дар симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам беш аз 500 нафар олимону ходимони намоёни илму фарҳанги ҷаҳони ислом қариб аз 50 кишвари дунё номнавис шудаанд. Дар масъалаи омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи асосӣ ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва захира намудани озуқаворӣ ва маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ ва ангишт зоҳир карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имсол бори нахуст қисмате аз пойтахт бо гази табиии худӣ аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таъмин мегардад. Дар мавриди гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф таъкид гардид, ки бо ин кор истеъмоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 60-70% кам гашта, таъминоти мардум дар фасли зимистон бо барқу гармӣ хеле беҳтар мешавад. Бо назардошти ин бори дигар таъкид гардид, ки фитри рӯза на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат анҷом дода шавад, «зеро ин на кӯмаки яквақта, балки ёрии дарозмуддат ба эҳтиёҷмандон мешавад», изҳор дошт Сарвари давлат. Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳли ҷамъомадро бори дигар бо арафаи иди саиди Фитр табрику таҳният гуфта, онҳоро ба анҷом додани корҳои хайру савоб ва кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон ҳидоят намуд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






