МИҚДОРИ ВАФОТИ КӮДАКОН КАМ МЕШАВАД

Сентябрь 11, 2009 16:18

                Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Дар маърӯзаи навбатии Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар бораи миқдори вафоти кӯдакон дар саросари ҷаҳон маълумот дода мешавад.                Тибқи маърӯза теъдоди вафоти кӯдакони хурдсол дар давоми 20 соли охир тақрибан 28 фоиз кам шудааст. Соли 1990 дар миқёси ҷаҳон аз ҳар ҳазор нафар кӯдаки то панҷсола 90 нафар вафот мекард, соли 2008 аз ҳамин қадар кӯдакони хурдсол ҳамагӣ 65 нафар вафот кардааст.                 Сарони давлатҳои ҷаҳон соли 2000 изҳор карда буданд, ки то соли 2015 барои аз се ду ҳисса кам кардани миқдори вафоти бачагони то панҷсола тадбирҳо меандешанд. Дар ин бобат дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон комёбиҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Ба ақидаи коршиносон чанд омил сабаби кам шудани вафоти бачагон гардид. Гузаронидани дору ба организми бачагон барои пешгирии бемориҳои сирояткунанда, ба кӯдакон додани шири модар, нобуд сохтани пашшаю магасҳои паҳнкунандаи бемории табларза ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.                 Бо вуҷуди ин, соли гузашта дар миқёси ҷаҳон 8,8 миллион кӯдаки хурдсоли то 1 сола вафот кардааст. Сабаби вафот кардани онҳо дар аксари мавридҳо сари вақт нарасонидани кӯмаки тиббӣ мебошад. Ба ақидаи духтурон дар натиҷаи расондани кӯмаки тиббӣ қариб нисфи бачагони вафоткардаро наҷот додан мумкин буд.                  Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали соли 2009 дар мамлакат бо сабабҳои гуногун як ҳазору 482 кӯдаки навзоди то яксола вафот кард. Тақрибан 40 фоизи бачагон бо сабаби нодуруст истеъмол кардани ғизо вафот кардаанд. Сабаби дигари вафоти бачагон дар Тоҷикистон ба бемориҳои вазнини сирояткунанда гирифтор шудани онҳо мебошад.  

Сентябрь 11, 2009 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд